Эътироз алайҳи фурӯши замини Қирғизистон ба хориҷиҳо
Даҳҳо шаҳрванди Қирғизистон алайҳи фурӯши замини кишварашон ба хориҷиҳо дар майдони марказии шаҳри Бишкек даст ба тазоҳурот заданд.
Мукар Чолпонбаев, яке аз раҳбарои гирдиҳамоии «Ба хотири наҷоти Қирғизистон», мегӯяд, заминҳои мо пинҳонӣ аз тарафи бархе ашхос ба хориҷиҳо, аз ҷумла чиниҳо фурӯхта мешавад. "Агар ин масъала ҳалли худро наёбад, дар чанд соли оянда метавон гуфт, ки сарзамини худро аз даст хоҳем дод",-афзуд ӯ.
Мелис Турганбаев, раиси пулиси шаҳри Бишкек, ки низоми тартиботро бар ӯҳда дорад, изҳор намуд: «Умедворам, тазоҳургарон дорои андешаи солим ҳастанд. Мо касеро аз майдон ронданӣ нестем ва дар ин бора низ аз ягон усул кор нахоҳем гирифт. Майдони гирдиҳамоӣ тариқи лента ҷудо карда шудааст ва мо барои тамоми гирдиҳамомадагон тавсия менамоем, ки аз инҷо берун нараванд, то сокинони дигари Бишкекро халалдор насозанд. Мо онҳоро ба Кохи Сафед роҳ намедиҳем, зеро онҷо макони хеле кӯчак аст ва онҳо тамоми сабзаҳоро боз поймол хоҳанд кард.»
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл раисҷумҳури Қирғизистон эълон намуда буд, ки баргузории тазоҳуротро дар ин кишвар касе манъ нахоҳад кард. Вале тазоҳургарон бояд ин ҳамаро дар чаҳорчӯби қонун иҷро намуда, ҳуқуқҳои дигаронро поймол насозанд.
Тазоҳургарони Бишкек ҳамчунин хостори раҳоии вакилони парлумон Қамчибек Тошиев, Содир Ҷафаров ва Талант Маматов шуда, гуфтаанд, қарордод бо ширкати «Қумтор» бекор шавад.