"Нурӣ ва Тоҷикистони муосир". Ёдбуди муассиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ
Ба муносибати 66-умин солрӯзи таваллуди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар қароргоҳи ин ҳизб дар Душанбе маҳфиле оғоз ёфт. Ин маҳфил "Андешаҳои устод Нурӣ ва Тоҷикистони муосир" унвон дошта, дар он аъзои ҲНИТ, донишмандон ва наздикону дӯстонаш иштирок мекунанд.
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ 15-уми марти соли 1947 дар деҳаи Оштиёни ноҳияи Сангвор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ фарзанди чоруми Нуриддин Саидов (1900-1982), раиси ҷамоати деҳоти Арғанкӯл, ба шумор меояд. Соли 1953, пас аз он ки ноҳияи Сангвор барҳам дода шуд, мардуми ин минтақа ба водии Вахш кӯчонида мешавад ва хонаводаи Нурӣ низ дар совхози «Туркманистон», воқеъ дар ноҳияи Вахш, маскан мегиранд.
Гуфта мешавад, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз замони таъсиси ҲНИТ дар миёнаҳои даҳаи 1970 раҳбарии онро бар ӯҳда дошт. Дар замони даргириҳои дохилии солҳои 1992-1997 раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин буд ва ба назари коршиносон хизмати ӯ ин буд, ки тавонист гурӯҳҳои мухталифи мухолифини ҳукуматро зери як ливо қарор бидиҳад.
Наздикони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мегӯянд, базудӣ сайт ё торнамое низ ба хотири ӯ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет фаъол хоҳад шуд, ки тамоми осори илмӣ, сӯҳбатҳо, муроҷиатҳо ва аксҳову видоеҳояшро дар бар мегирад.