Дар Тоҷикистон 2127 донишҷӯи хориҷӣ талаби илм мекунанд
Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон айни замон 2 ҳазору 127 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Тавре аз Вазорати маорифи Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, аз ҷумла дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон, 431 нафар донишҷӯӣ хориҷи таҳсил мекунанд, ки аз инҳо 14 нафар аз Қазоқистон, 6 нафар аз Қиғизистон, 5 нафар аз Туркманистон, 1 нафар Узбакистон, 21 нафар аз Афғонистон, 2 нафар аз Покистон, 367 нафар аз Эрон, 8 нафар аз Чин, 2 нафар аз Арабистон, 2 нафар аз Ироқ, 1 нафар аз Олмон, 1 нафар аз ИМА, ва 1 нафари дигар аз Канада мебошанд.
Манбаъ афзуд, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистони ба номи академик М. Осимӣ 112 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки аз инҳо 4 нафар аз Руссия, 10 нафар аз Қазоқистон, 21 нафар аз Қиғизистон, 2 нафар аз Туркманистон, 1 нафар аз Узбакистон, 46 нафар аз Афғонистон, 1 нафар аз Покистон, 3 нафар аз Бангладеш, 19 нафар аз Эрон, 1 нафар аз Корея, 1 нафар аз Хитой, 1 нафар аз Сурия, 1 нафар аз Ироқ мебошад.
Ба иттилои манбаъ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 483 донишҷӯи хориҷӣ дорад, ки аз инҳо 23 нафар аз Руссия, 53 нафар Қазоқистон, 21 нафар Қиғизистон, 12 Туркманистон, 12 нафар аз Узбакистон, 2 нафар аз Озарбоҷон, 1 нафар аз Латвия, 117 нафар аз Афғонистон мебошанд.
Теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистони ба номи Ш. Шоҳтемур 90 нафар, Донишгоҳи давлатӣ омӯзгории ба номи С. Айни 695 нафар, дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода 24 нафар, Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 5 нафар, Донишгоҳи славянии Руссияю Тоҷикистон 117 нафар, Донишгоҳи давлати тиҷорати Тоҷикистон 15 нафар, ва дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 11нафар арзёбӣ мешаванд.