Раҳмон аз Фишер расман истиқбол мекунад
Имрӯз, соати 9:45 дақиқа дар “Кохи Миллат” маросими расмии истиқбол аз Ҳайнс Фишер, раисиҷумҳури Австрия оғоз мегардад.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон баъди маросими истиқбол, мулоқоти як ба яки Ҳайнс Фишер ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз мешавад. Дар паи ин нишасти ҳайатҳои васеи Австрия ва Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, ки зимни он рушди муносиботи иқтисодию сиёси ин ду кишвар баррасӣ мегарданд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон боздиди Фишер аз Душанбе то 14-уми март идома дошта, дар доираи он раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Австрия дар маросими ифтиттоҳи анҷумани соҳибкрони ду кишвар иштирок мекунанд.
Баъди боздид аз Тоҷикистон Фишер ба Қирғизистон меравад. Ин нахустин сафари расмии президенти Австрия ба ин кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, дар анҷоми он имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун дар назар аст.