Ихтилоф дар заминаи мазҳабӣ дар шаҳраки Шардара
Бино ба иттилои Иттиҳоди мусалмонони Қазоқистон имоми масҷиди шаҳраки Шардара, дар вилояти Ҷануби Қазоқистон, бо далели ба қавоиди мазҳаби ҳанафӣ мувофиқат накардани намозгузории як нафар садди ибодати ӯ шудааст. Он нафар аз болои имом ба ҳукумати ноҳия ва шӯъбаи маҳаллии ҳизби «Нур Отан» шикоят бурдааст.
«Бахтиёр Алипбоев, роҳбари шӯъбаи сиёсати дохилии ҳизб имомро даъват карда, гуфтааст, ки амали ӯ ҷоиз нест. Имом баъди ин мулоқот аз шахси шикоятбурда пузиш хостааст»,-омадааст дар иттилоияи Иттиҳоди мусалмонони Қазоқистон.
Иттиҳоди мусалмонони Қазоқистон ва Кумитаи мусалмонон оид ба ҳуқуқи инсони Осиёи Марказӣ ба Бахтиёр Алипбоев изҳори ташаккур намуда, амали ӯро барои бештари мансабдорон намунаи ибрат хондаанд. Ин ду ниҳод дар изҳороти муштараке аз мири вилояти ҷанубии Қазоқистон ва роҳбари ҳизби «Нур Отан» хостаанд, Алипбаевро ҳамчун роҳбари боистеъдод, ки қудрати ҳалли низоъҳои мушкили иҷтимоиро дорад, қадр намоянд.