Зани маст дар Душанбе ҳамроҳашро ба қатл расондааст
Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо иттиҳоми куштор, Якушева Наталя Александровна соли таваллудаш 1975, истиқоматкунандаи кӯчаи Машъали ноҳияи Фирдавсиро боздошт кардаанд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба хабаргузории “Озодагон” хабар доданд, Наталя рӯзи 11 марти соли 2013, тахминан соати 21:00-дақиқа дар хонаи истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ бо ҳамсизташ Ливитин Дмитрий Олегович соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, муноқиша намуда, сипас бо корди ошхонагӣ як маротиба ба қафаси сина ва бо зарфи шишагин се маротиба ба сари ӯ зарба задааст.
Ба иттилои манбаъ дар натиҷа Ливитин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Айни ҳол ба иттилои мақомот далели шайъӣ гирифта шудааст ва аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.