Профессори тоҷик чанд сомонӣ маош мегирад?
Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд маоши миёнаи ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар имсол 2 ҳазору 946 сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондод дар соли гузашта ба 2 ҳазору 266 сомонӣ баробар будааст.
Тавре аз Вазорати маорифи Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, музди меҳнати роҳбарияту омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби буҷет ва суратҳисоби махсус, ба ҳисоби миёна дар соли 2012 – 2013 чунин муайян шудааст: “Мовини ректор 2409 сомонӣ дигар кормандони маъмурӣ, техникӣ ва таълимӣ 763 сомонӣ маош мегиранд.”
Манбаъ афзуд, ки музди миёнаи профессор-доктори илм дар соли равон 1461 сомонӣ муқаррар шудааст. Маоши саромӯзгор номзади илм бошад дар соли равон 902 сомонӣ, саромӯзгор бе унвон 666 сомонӣ, омӯзгор 393 сомонӣ, ассисент бо унвони илмӣ 563 сомонӣ, ассисент бе унвон бошад 523 сомониро ташкил медиҳад.