“Регар-ТадАЗ” бо дастаи “Ал-Риффа” ба сабқат мебарояд
Қаҳрамони ҳафтдафъаинаи Тоҷикистон оид ба футбол, дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бозии даври дувуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар гурӯҳи “А” имрӯз 12-уми март, соати 15:00 дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо қаҳрамони даҳкаратаи Баҳрайн оид ба футбол дастаи “Ал-Риффа”-и Баҳрайн анҷом медиҳад.
Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар гурӯҳи “А” дар меҳмонӣ бо тими “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода буд. Дастаи “Ал-Риффа” бошад, дар нахустин бозиаш дар майдони худ аз тими “Кувайт”-Кувайт бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрдааст.
Дар гурӯҳи “А” дастаи “Кувайт” бо 3 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Сафо” якимтиёзӣ доранд тими “Риффа” бошад бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир аст. Ёдовар мешавем, дар даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 ду дастаи сермухлистарини Тоҷикистон дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар шаҳри Хуҷанд аз тими “Ал-Рамза”-и Урдун бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд, рӯзи 13-уми март дар меҳмонӣ бо тими “Ал-Шорта”-и Сурия рақобат мекунад. Ба иллати вазъи ноустувори сиёсӣ дар Сурия, ин бозӣ дар майдони бетараф (дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад-и шаҳри Аззаркаи Урдун) баргузор мешавад.