Маҳмадаминов мавзӯи муҳоҷират аз “Роғун”-ро баррасӣ мекунад
Имрӯз, 12 март, Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ба шаҳру ноҳияҳои водии Рашт (шаҳри Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара) сафари корӣ менамояд.
Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ хабар доданд, мақсад аз сафари мазкур - вохурӣ бо шаҳрвандон, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳои Вазорат дар ин минтақа мебошад.
Манбаъ инчунин афзуд, ки барасии таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ, касбомўзии шаҳрвандон, рафти ҷамъоварии андози иҷтимоӣ ва пардохти саривақтии нафақаю кӯмакпулиҳо, таҳлили мавзӯи муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ дар минтақа ба нақша гирифта шудааст.