Душанбе ба пешвози раисиҷумҳури Австрия роҳҳоро мебандад
Имрӯз, 12-уми март, Ҳайнс Фишер, раиси ҷумҳури Австрия бо як сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе мегардад.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон боздиди Фишер аз Душанбе то 14-уми март идома дошта, дар доираи он мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси парлумон ва сарвазир ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Австрия дар маросими ифтиттоҳи анҷумани соҳибкрони ду кишвар иштирок кунанд.
Дар робита ба сафари раисиҷумҳури Австрия Раёсати бозрасии автомобилии Тоҷикистон ба саҳми ронандагон мерасонад, ки ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар Душанбе баъзе маҳдудиятҳо ворид хоҳанд шуд. Тавре аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, имрӯз, 12-уми март, аз соати 08.00 то 11.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои Шерозӣ, Ҷ. Икромӣ, майдони Ғалаба, хиёбони С.Шерозӣ. Сино, ва И. Сомонӣаз чорроҳаи кучаҳои И. Сомонӣ-Сино то И. Сомонӣ-Рудакӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад. Ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд тавассути кӯчаҳои Карамов, Ҳофизи Шерозӣ, Шотемур, Дӯстии Халқҳо ва Айнӣистифода баранд. Шабона бошад аз соати 23.30 то 01.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ, Айнӣ, Аҳмади Дониш аз чорроҳаи кӯчаи А.Дониш-Айнӣ то Фурудгоҳ, И.Сомонӣ аз чорроҳаи кӯчаҳои И.Сомонӣ-Сино то И.Сомонӣ-Рудакӣ манъ карда мешавад. Бинобар ин ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд аз кӯчҳои Карамов, Ҳофизи Шерозӣ, Шотемур, Дӯстии Халқҳо ва Айнӣистифода баранд.
Рӯзи 13 марти соли равон аз соати 09.40 то 10.00, 12.00, 13.00, аз 15.00 то 15.10, 15.40 ва 19.50 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ манъ карда мешавад. Ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд аз кӯчҳои Карамов, Ҳофизи Шерозӣ, Шотемур, Дӯстии Халқҳо ва Айнӣистифода баранд.
Рӯзи 14 марти соли равон аз соати 09.20 то 11.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ ва аз соати 12.45 то 13.30 хиёбони Рӯдакӣ, Айнӣ, Аҳмади Дониш аз чорроҳаи кӯчаҳои А.Дониш-Айнӣто Фурудгоҳ, И.Сомонӣаз чорроҳаи кучаҳои И.Сомонӣ-Сино то И.Сомонӣ-Рудакӣ манъ карда мешавад. Ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд аз кӯчаҳои Карамов, Ҳофизи Шерозӣ, Шотемур, Дӯстии Халқҳо ва Айнӣ истифода баранд.