Наврасони тоҷик соҳиби “Ҷоми Вастан” шуданд
Варзишгарони навраси тоҷик дар нахустин мусобиқаи кушода оид ба дзюдо барои Ҷоми Вастан дар бисёри вазнҳо ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд.
Тавре Маҳмуди Абдулло, сардовари мусобиқаи мазкур ба хабаргузории “Озодагон” итилоъ дод, нахустин мусобиқаи кушода оид ба дзюдо миёни наврасон барои Ҷоми Вастан, рӯзҳои 9 ва 10-уми март дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар он гуштигирони сини 15 то 17 сола (соли таваллудашон 1996-1998) аз Афғонистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркия, Узбакистон, Украина ва 12 даста аз Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд.
Номбурда афзуд, рӯзи аввал мусобиқа аз рӯи 5 вазн (46, 55, 66, 81,+90 кило) баргузор шуд, ки дар ҳамаи вазнҳо паҳлавонони тоҷик ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд. Рӯзи 10-уми март бошад паҳлавонони наврас аз рӯи 4 вазн (50, 60, 73 ва -90 кило) қувваозмоӣ карданд, ки паҳлавонони тоҷик ҳунари хуб нишон доданд.
Ғолибони мусобиқаи кушодаи Ҷоми Вастан:
Саттор Бердов (вазни то 46 кг, Тоҷикистон)
Артём Лесюк (50 кг, Украина)
Зоид Шоҳидов Душанбе (55 кг, Тоҷикистон)
Осим Мамедов (60 кг, Украина)
Сайриддин Давлатов Тобеи марказ (66 кг, Тоҷикистон)
Баҳман Зиёвиддинов Душанбе (73 кг, Тоҷикистон)
Фаррухи Салим (81 кг, Душанбе Тоҷикистон)
Темур Раҳимов (-90 кг, Тобеи мар Тоҷикистон)
Ардашер Мирзоев (+90 кг, Тоҷикистон)
Ғолибон ва мураббиёни эшон бо медалу диплом ва тӯҳфаҳо қадр карда шуданд.