Отамбоев: "Занон бар хилофи мардон фаъолтаранд"
Як гуруҳ занони қирғиз аз навоҳии “Исиқ-Кӯл” дар мулоқот бо раисиҷумҳури Қирғизистон, Алмазбек Отамбоев аз “нобакорӣ”-и мардонашон дар хонавода шикоят карда, изҳор доштаанд, ки манфиати гов аз мардҳо бештар аст.
Дар ин бора худи Алмазбек Отамбоев, охири ҳафтаи гузашта зимни мулоқот бо муҳассилини литсейи касбии рақами 18-и шаҳри Бишкек иттилоъ додааст.
Раисиҷумҳури Қирғизистон афзудааст, ки бори гарони зиндагиро дар ин кишвар занон бар душ доранд: “Занон бархилофи мардон, ки бо фарорасии андак мушкилӣ даст ба арақу дигар чизҳо мезананд, аз уҳдаи дилхоҳ кор мебароянд, то оилаашонро таъмин намоянд.”