Дар ноҳияи Мӯъминобод тайи соли равон 305 гектар боғи нав бунёд ёфта, ҳамзамон 15 гектар боғи кўҳна аз нав барқарор гардонида шуд.
Дар ин бора дар ҳукумати маҳаллии ин минтақа ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Дар ҳамин ҳол, ҷамъоварии мева дар ҳудуди ноҳия умуман ба қайд гирифта намешавад. Муовини аввали раиси ноҳия Тоҳир Амиршоев, дар мавриди ҳосили ҷамъоваришудаи мева гоҳ як рақам мегуфту гоҳе рақами дигар. Ба андешаи ҳамин масъул, «базаи ҹамъоварии мева барои деҳқонони ноҳия беш аз 20-ҳазор тоннаро ташкил медиҳад». Аммо, барои мисол, соли гузашта боғкорон чӣ миқдор мева ҹамъ овардаву чӣ қадар ба фурӯш баровардаанд, ҷаноби Амиршоев омори дақиқе дар даст надошт. Ба гуфтаи ў, соле пештар дар ноҳия 800 тонна меваи хушк ба ҷумҳурии Русия интиқол дода шудааст. Аммо боз пешдастй карда гуфт, ки ҳамин миқдор меваи хушкро тоҷирони суғдӣ аз мӯъминободиҳо харидорӣ кардаанд ва баъдан эшон (суғдиҳо) онро ба давлати Русия ба савдо мебаранд.
Дар ҳамин ҳол омори нишондодаи муовини аввали раиси ноҳия, боз ҳам аз рўи пешниҳоди худаш, қобили қабул нест. Зеро ў мегўяд, дар ноҳия 2-корхонаи хушккунии мева, корхонаи «Хайём» ва «С.Сангов», фаъолият доранду соли гузашта ҳар кадоме ба миқдори танҳо 4-5-тонагӣ мева хушк кардаанду бас.
Ин дар ҳолест, ки ноҳия базаи ҷамъоварии беш аз 20 ҳазор тонна меваро доро будаву то ҳол дар бозорҳояш меваи Хитою Покистонро роҳат савдо мекунанд. {jathumbnail off}