5+1 хостори “ҳалли дипломатӣ"-и қазияи ҳастаии Эрон шуд
Кишварҳи узви гурӯҳи 5+1 бар уҳдадории худ дар мавриди ёфтани роҳи ҳалли дипломатӣ барои мавзуи ҳастаии Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид карданд.
Кишварҳои гурӯҳи 5+1, иборат аз Амрико, Бритониё, Чин, Фаронса ва Русия ба изофаи Олмон, рӯзи сешанбе (5 март) дар баёнияе муштарак эълон карданд мо бори дигар бар идомаи талоши худ дар ёфтани роҳи ҳалли дипломатӣ барои барномаи ҳастаии Эрон таъкид мекунем. Кишварҳои узви ин гурӯҳ дар баёнияи худ афзуданд, "ба нишастҳои муфиди (27 ва 28 феврал дар Алмаато Қазоқистон) барои пешбурди фарояндаи дипломатии созандае, ки моҳҳои оянда бар асоси руйкарди ду ҷониба ва қадам ба қадами фаъолона пайгирӣ хоҳад шуд, таваҷҷуҳ мекунад. Гурӯҳи 5+1 ҳамчунин ёдовар шуд, ки ҳадафи нишастҳои оянда бозгардондани эътимоди байналмаилалӣ ба моҳияти комилан сулҳомези барномаи ҳастаии Эрон хоҳад буд.
Ба гузориши “Пресс Ти Ви”, дар паи нишасти Алмаато, Эрон ва гурӯҳи 5+1 тавофуқ карданд, то пас аз баргузории музокирот дар сатҳи коршиносӣ дар рӯзҳои 17 ва 18 март дар шаҳри Истанбули Туркия, бори дигар дар рӯзҳои 5 ва 6 апрел даври ҷадиди музокиротро дар Алматтои Қазоқистон баргузор кунанд. Ҳамчунин, Ромини Меҳмонпараст, сухангуи вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон , рӯзи сешанбе гуфт, ки агар гурӯҳи 5+1 ба руйкарди мантиқии худ идома диҳанд, гуфтугӯҳои оянда дар бораи барномаи ҳастаии Эрон метавонад ба натоиҷи қобили қабуле бар ҳар ду тараф, бирасад.
Амрико, Исроил ва бархе аз муттаҳидони онҳо, бо тарҳи иттиҳомҳои исбот нашуда дар мавриди имкони талоши Эрон барои пайгирии аҳдофи низомӣ дар барномаи ҳастаии худ, таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонуниро алайҳи Ҷумҳурии исломӣ, ҷорӣ карданд. Эрон зимни радди ин иддаоҳо, ҳамвора таъкид карда аст, ба унвони яке аз имзокунандагони паймони манъи густариши таслиҳоти атомӣ (NPT) ва яке аз аъзои Ожонси байналмилалии энергияи атомӣ, аз ҳаққи истифода аз фановарии ҳастаӣ барои дастёбӣ ба аҳдофи сулҳомез, бархурдор аст.
Афзун бар ин намояндагони Ожонси байналмилалии энергияи атомӣ чандин бор аз таъсисоти атомии Эрон боздид карданд, аммо ҳеч гоҳ санаде бар инҳироф ва хатокориҳо дар барномаи ҳастаии Эрон, наёфтанд.