Сарвари мактаб Меҳириддин Назаров мегӯяд, бо гузаштан ба низоми маблағгузории сарикасӣ тайи чанд соли ахир, мо мактабро натанҳо аз таъмири хушсифат баровардем, балки ашёву ҷиҳоз ва асбобҳои хонишро бемамониат харидорӣ намудем. Ба замми ин тасмим гирифтаем, имсол фарши 8 синфхонаи дигарро тахтагин кунем. Қаблан 8 синфхонаро сохтмончиёни як ширкати бинокории ноҳия, фаршашро аз нав пўшида буданд. Гуфта мешавад, барои корҳои таъмиру тармим ба мактаб аз шӯъбаи молияи ноҳия 3 ҳазору 160 сомонӣ ҷудо гардидааст.