Вакили мудофеи Қувватов: "Мо мехоҳем, додгоҳ ӯро озод кунад"
Николай Николаев, вакили мудофеи Умаралӣ Қувватов, мегӯяд, аз он ки нафари таҳти ҳимояташ ҳанӯз дар боздошт аст, розӣ нест. Ӯ, ки бо "Озодагон" сӯҳбат мекард, гуфт, онҳо мехоҳанд, ҷаноби Қувватов ҳарчи зудтар аз боздошт озод гардида, ба фаъолиятҳояш идома диҳад,
Бегоҳи рӯзи якшанбе, 10-уми март, додгоҳи Дубай дархости Тоҷикистон барои истирододи Умаралӣ Қувватовро ба ин кишвар рад кард. Аммо додгоҳ гуфт, Умаралӣ Қувватов дар боздошт мемонад ва мурофиа рӯзи даҳуми апрел идома хоҳад кард.
Николай Николаев, вакили мудофеи Умаралӣ Қувватов, мегӯяд, ба далели он ки ҷониби Тоҷикистон дар бораи нафари таҳти ҳимояташ далелҳои нав пешниҳод мекунанд, қазияи додгоҳӣ тӯл мекашад. Ин вакили мудофеъ аз он нигаронӣ дорад, ки мақомоти тоҷик ба хонавода ва наздикони ӯ дар кишвар фишори равонӣ меоранд.
Умаралӣ Қувватов дар моҳи декабри соли гузашта дар фурудгоҳи Дубай бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт гардид. Мақомоти тоҷик ӯро дар дуздии 6 миллион доллар маблағи ширкатҳои Тоҷирон ва Фароз муттаҳам медонанд. Ҷаноби Қувватов тобистони соли гузашта ба Маскав рафта, аз таъсиси созмони сиёсӣ ва мухолифи ҳукумати Тоҷикистон -- "Гурӯҳи 24" хабар дод. Ӯ дар изҳороти худ ба унвони раҳбари ин гурӯҳ гуфт, дар интихоботи соли 2013 бояд Эмомалӣ Раҳмон ширкат наҷӯяд.
Дар як видеое, ки ҷаноби Николаев дар саҳфаи худ дар Ютюб гузоштааст, Умаралӣ Қувватов мақомоти Тоҷикистонро ба он гунаҳкор медонад, ки ӯро ба ҳар васила аз фаъолиятҳои сиёсиаш бозмедоранд.