Қаҳрамони ҳафткаратаи Аврупо дар Душанбе "шогирд" меҷӯяд
Ҳамватани мо, ки сарварии Ассотсиатсияи дзюдои шаҳри Иркутски Русияро ба дӯш дорад, бо шогирдонаш ба Душанбе омад.
Эргаш Маҳмадбеков, қаҳрамони панҷкаратаи Русия дар навъи гӯштии ҷудо дар сӯҳбат бо «Озодагон» гуфт, «рӯзҳои 9-ум ва 10-уми март дар клуби варзишии «Вастан» мусобиқаи байналмилалии дзюдо миёни наврасони соли таваллудашон 1996-1998 баргузор мешавад ва ҳоло Бахтиёр Мирзоев, паҳлавони 15-сола аз клуби мо ба ин ҷо омадааст».
Тибқи иттилои мубтакирони ин чорабинӣ, дар сабқат ширкати дастаҳо аз кишварҳои Муғулистон, Укроин, Қирғизистон ва Тоҷикистону Русия дар назар аст. Тайи ду рӯз барои ба даст овардани роҳхат ба даври ниҳоии мусобиқа беш аз 60 варзишгар вориди рақобат хоҳанд шуд.
Темирлан Тменов, қаҳрамони ҳафткаратаи Аврупо ва бисёркаратаи Русия низ ҷиҳати дарёфти паҳлавонони ояндадор ва интихоби онҳо дар Душанбе қарор дошта, ҷараёни мусобиқаро назорат дорад.