Ҷалолобод: Эътирозгарон дубора бо мусиқӣ ба майдон омаданд
Дар ҷануби Қирғизистон - шаҳри Ҷалолобод, роҳпаймоии эътирозӣ идома дорад. Бино ба иттилои хабарнигори «Озодагон» он ҳамагӣ чанд лаҳза қабл шурӯъ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, эътирозгарон талаби раҳоии роҳбарони ҳизби «Ата-Жорт»- Қамчибек Ташиев, Садир Жапаров ва Талант Мамутовро доранд, ки соли сипаришуда барои таҳрики нооромиҳо боздошт гардиданд.
Дар ҳоли ҳозир теъдоди бист нафар гирди ҳам омадаанд. «Онҳо мусиқии баланд гузошта, эҳтимолан бо ин роҳ дигаронро низ ба митинг ҷалб карданианд»,-мегӯяд манбаъ. Ин аввалин роҳпаймоии ҷонибдорони роҳбарони ҳизби «Ата-Жорт» нест. 7-уми март низ чунин як роҳпаймоӣ сурат гирифта буд, аммо сардори мақомоти пулиси Ҷалолобод қаҳрамонмодарони тазоҳургарро бо фарорасии 8-уми март табрик карда, ба онҳо гулдаста туҳфа кард. Тазоҳуротгарон пароканда шуда, ваъда карданд, ки баъд аз рӯзи 8-уми март бармегарданд.