Норозигии донишҷӯён аз ҷалби маҷбурӣ барои ширкат дар маъракаҳо
Як гурӯҳ аз донишҷӯёни Донишгоҳи Уш аз он ки мақомот онҳоро барои ширкат дар маърака ё чорабиниҳои мухталиф ҷалб мекунанд, норизоиятӣ кардаанд. Омбудсмени донишҷӯён мегӯяд, мушкил дар он аст, раҳбарияти донишгоҳҳо ба мақомот гузориш медиҳанд, ки гӯиё донишҷӯён довталабона ё бо хоҳиши худ дар чунин маъракаҳо иштирок мекунанд.
Аскарбек Жанишбек, омбудсмени донишҷӯёни Уш гуфтааст, “дар ҳамин рӯзҳо Кумитаи ҷавонон дусолагияшро таҷлил кард. Гуфтанд, ки аз ҳар як муассиаи таълимӣ панҷсад касро фиристед. Барои таҷлил аз Иди Наврӯз дар оғоз 200 нафарӣ хостанд, аммо дар асл ҳазор нафариро ба ин кор равон карданд.” Ӯ дар идома афзудааст, “ҳатто донишҷӯёнро барои таҷлили идҳое чун 23 феврал ва ҳаштуми март даъват мекунанд, ки бояд онҳо дар ин маъракаҳо рост истода каф зананд.”
Дар Тоҷиикистн ҳам ҳар сол барои таҷлил аз иди Наврӯз ва идҳои бузурге чун Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи парчам теъдоди зиёди хонандагон ва донишҷӯёнро ба “маршировка” сафарбар мекунанд. Ҳарчанд дар сӯҳбатҳои худмонӣ аз чунин вазъ нигаронӣ мешавад, вале дар асл расман касе дар ин бора шикоят накардаву мақомот ҳам дар ин замина ҳарфе нагуфтааанд.