"Барфи баҳорӣ" Тоҷикистонро сафедпӯш кард (ФОТО)
Шаби ҳаштум ба нӯҳуми март дар Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон барфи зиёд борида, тамоми ҷойро сафедпӯш кард. Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, чунин барфи зиёдро ҳатто дар зимистоне, ки тоза паси сар шуд, надида буданд.
Резиши барфи баҳорӣ кори мусофирбарҳоро дар Душанбе халалдор карда, дар ҷадвали парвози ҳавопаймоҳо низ тағйирот пеш овардааст. Аммо бештари сокинон мегӯянд, ин барфи баҳорӣ беш аз ҳама ба марди деҳқон зарба зад, ки дарахтонаш нав ба гул кардан оғоз намуда буданд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон аз сардии ҳаво пешгӯӣ карда, вазорати роҳ аз резиши тарма дар минтақаҳои кӯҳӣ хабар дода буд.