Вазир маъмурони пулисро ба эҳтироми зан даъват кард
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, тамоми бонувони тоҷикро бо фарорасии 8-уми март, “Рӯзи модарон” табрик гуфта, аз ҳайати зертобеаш хоҳиш кард, ки пайваста эҳтироми занро ба ҷо оранд.
Ба иттилои котиботи ин ниҳод, Раҳимов аз ҷумла зикр кардааст, ки аз душвориву мушкилиҳо наҳаросида, имрӯз дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон зиёда аз 1500 нафар зан адои вазифа мекунанд: “9 нафар соҳиби рутбаи баланди ҳарбии полковник ва 71 нафар подполковник буда, барои хизматҳои арзандаашон бо нишони сарисинагӣ ва тӯҳфаҳои Вазорати корҳои дохилӣ сарфароз гардидаанд.”
Вазири умури дохилии Тоҷикистон инчунин ба модарону хоҳарон ва заноне, ки саробони оилаи худро зимни адои хизмат дар мақомоти қудратӣ аз даст додаанд, арзи сипос ва миннатдорӣ кардааст. Дар мавриди қудрату тавонии зан, Раҳимов аз қавли лашкаркаши бузурги фаронсавӣ Наполеон, афзудааст: «Зан агар бо як даст гавҳораро ҷунбонад, бо дасти дигар дунёро таккон медиҳад».