Гузориши тасвирӣ: Таҷлил аз "Рӯзи модар" дар Тоҷикистон
Мавзуна АБДУЛЛОЕВА
Имрӯз, 8-уми март, дар Тоҷикистон таҳти барфрезии шадид ва сармо мардум “Рӯзи модар”-ро таҷлил карданд.
Ин ҷашн, ки ҳамчун Рӯзи байнулмилалии озодии занон маъруф буд, аз соли 2009 номи "Рӯзи Модар"-ро гирифт ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон эълон дошт, ки аҷдодони мо то замони Шӯравӣ ҳам дар фасли баҳор рӯзи модарро ҷашн мегирифтанд. Айни ҳол, ин рӯз дар сатҳи давлатӣ таҷлил мегардад ва дар сартосари мамлакат таътил эълон шудааст. Дар кӯчаҳои Душанбе сарфи назар аз сармо ва барфрезии шадид, мардҳо аз пайи гул ва хариди туҳфаҳо буданд.