Покистон барои омӯзиши роҳи Вахон-Читрол 1 млн евро дод
Дар пасманзари канор мондани Тоҷикистон аз роҳи оҳани Чин-Эрон сафири Покистон дар Душанбе гуфт, кишвараш барои омӯзиши лоиҳаи роҳи оҳани Вахон Читрол як миллион евро ҷудо кардааст.
Амҷад Ҳусайн Б.Сиал, сафири Покистон дар Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” роҳи оҳани Вахон-Читролро лоиҳаи афзалиятноки Исломободу Душанбе арзёбӣ карда, афзуд, ки Покистону Тоҷикистон дар мавриди ин роҳ ба созиш омадаанд: “Айни ҳол барои омода ва татбиқ кардани ин лоиҳа музокирот бо ҳукумати Афғонистон идома дорад. Покистон барои омӯзиши ин лоиҳа аз тарафи мушовирони байналмилалӣ як миллион евро ҷудо намуд.”
Роҳи нав қарор аст, ноҳияи Читроли Покистонро ба воситаи Бадахшони Афғонистон ба ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон васл кунад ва тавасссути он кишварҳои Осиёи Марказӣ бо бандаргоҳҳои Карочиву Гводар ва уқёнуси ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо хоҳанд кард.
Баъди дар канор мондан аз роҳи оҳани Чин-Эрон барои Тоҷикистон роҳи Вахон-Читрол ягона тарҳе боқӣ мондааст, ки татбиқи он ин кишварро бо уқёнус ва роҳҳои баҳрӣ пайваст хоҳад кард. Арзиши пешакии роҳи оҳани Вахон-Читрол беш аз 600 миллион доллар арзёбӣ мегардад.