ҲНИТ боз тағйири қонуни интихоботро ба миён мегузорад
Вакилони парлумон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, ба зудӣ масъалаи тағйири қонуни интихоботи президентро аз нав ба миён хоҳанд гузошт.
Саидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон ва муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, айни ҳол лоиҳаи тағйирот ба қонун «Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон» бо назардошти эъродҳои кумитаҳои парлумон мавриди такмил қарор дорад ва ба зудӣ дубора ба парлумон пешниҳод хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи пешниҳодии аҳзоби сиёсӣ дар робита ба ворид кардани тағйироту иловаҳо ба «Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон» - ро пас аз ду моҳи баррасӣ ба хотири баъзе камубдиҳо, аз ҷумла хеле дер таҳия шудаданаш рад намуда, иддао карданд, ки аҳзоб бояд лоиҳаро аққаллан як сол пеш аз интихоботи президентӣ ба порлумон ироа мекарданд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли гузашта ба воситаи аъзои парлумон аз ҲНИТ панҷ пешниҳод дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президентии кишвар ба Маҷлиси намояндагон фиристода шуда буд ва пас аз ду моҳи баррасии он дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров санаи 21-уми январи соли равон тағйироти пешниҳодшуда рад карда шуд. Тибқи пешниҳоди аҳзоби сиёсӣ баъди тағйир дар қонуни интихобот намояндаи ҳар ҳизб имкон пайдо мекунад, ки раванди раъйдиҳӣ ва ҳисоби овозҳоро назорат кунад.