Талоши тоҷикдухтаре барои дарёфти унвони “Мисс Харков”
Ҳафиза, тоҷикдухтари ҷавонест, ки ҳамакнун барои дарёфти унвони “Мисс Харков” дар Украина талош дорад. Ин озмуни зебоӣ баҳори соли 2011 барои муаррифӣ ва пайванди миллатҳо ва ҷамъиятҳои гуногун дар ин шаҳри Украина таъсис ёфта буд.
Бино ба навиштаи торнамои “Мисс Харков”, Ҳафиза намояндаи диаспораи тоҷикон “Пайванд” буда, забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, украинӣ, узбакӣ, форсӣ, ва туркманиро медонад. Дар муарифиномаи ӯ ҳамчунин гуфта шудааст, ки Ҳафиза аз шоирон бештар Умари Хайёмро меписандад ва орзуяш ин аст, ки дар зиндагӣ ба ҳама ҳадафҳояш бирасад.
Ҳафиза, ки дар ин озмун таҳти рақами даҳ иштирок мекунад, бо 407 раъй ҳоло дар ҷои дувум аст. Дар ҷои аввал бо 421 овоз Огулҷаҳон, намояндаи Туркманистон, қарор дорад.
Ин озмуни зебоӣ 26 марти соли ҷорӣ анҷом хоҳад ёфт.