Хабарсозтарин зани тоҷик: Модари Ҳамза Икромзода
Дар остонаи Рӯзи Модар аз чанд хонандаи "Озодагон" суол кардем, ки чеҳраҳои хабарсози соли сипаришуда киҳоянд. Ҷои таъкид аст, ки ин назарпурсӣ ғайрирасмӣ аст.
Дар бахши аввал модари Ҳамза Икромзода, маҳбуси собиқи зиндони №1-и шаҳри Душанбе, ки 20-уми сентябри соли гузашта ба таври мармуз даргузашт, зикр шуд. Исми Зулайхо Ҷӯраева баъд аз он расонаӣ гардид, ки ҳамроҳ бо шавҳару духтараш ва ҳудуди даҳ нафар аз сокинони деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор назди Иззатулло Шарифов, роҳбари Сарраёсати маҳбасҳо барои додхоҳӣ омаданд. Пайвандони Ҳамзаи 27-сола бар инанд, ки вай бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидааст. Онҳо бо нишон додани аксҳои ҷасад мегуфтанд, дар баданаш изи дарзмоли тафсон мушоҳида мешавад.
Дар ин феҳраст ҳамчунин аз Ҷамила Байдулолева, сардори маркази обуҳавошиносӣ, Файзиннисо Воҳидова ва Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдонҳои маъруф, Зарафо Раҳмонӣ, узви фаъоли ҲНИТ ва Мавзуна Чориева, муштзани ҷавон ном бурда шудаанд.
Гулбаҳор Маҳкамова, сарвари кулли Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ва муовини аввали директори генералии фонди қарзии “Имон интернешнл"-ро бештари пурсидашудаҳо соҳибкори муваффақи соли гузашта гуфтанд. Вай соли 1999 нахустин барномаи пешкаши қарзҳои хурд барои шурӯи тиҷорату соҳибкорӣ дар миёни бонувонро роҳандозӣ кардааст, ки баъдан бар пояи он созмони “Имон Интернешинал” таъсис ёфт. Гуфта мешавад, созмон 60 ҳазор муштарии фаъол дошта, 50 % онҳоро бонувони соҳибкор ташкил медиҳанд. Бастаи куллии қарзҳои “Имон Интернешнал” то имрӯз ба 70 миллион доллар наздик шудааст.
Дар баробари ин, бештари пурсидашудагон аз Матлуба Улҷабоева, роҳбари Ассосиатсияи соҳибкорони хӯрду миёнаи Тоҷикистон, Рафиқа Мӯсоева, собиқ вазири меҳнат ва ҳоло директори муҷтамаи “Душанбе Плаза", Дилбар Турсунова, роҳбари толори қасри арӯсии “Шоира люкс”, Наҷотхон Исомиддинова, роҳбари муассисаи нақлиётии "Наҷот" ном бурданд.
Дар бахши зани сиёсатмадори матраҳи соли 2012 аз Озода Раҳмон, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон ном бурда шуд. Озода, духтари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз соли 2007 вориди сиёсат шуд. Аммо бештари мухотабони "Озодагон" исми Руқия Қурбонова, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Гулрухсори Сафӣ, шоираи маҳбубро навиштанд.
Рамзия Мирзобекова, хабарнигори нашрияи “Азия-Плюс” журналисти муваффақи соли рафта унвон шуд. Рамзия баъд аз шурӯи амалиёти низомии шаҳри Хорӯғ ба чеҳраи матраҳи журналистика табдил шуд. Вай иттилооти охиринро аз маркази Бадахшони Куҳӣ ироа мекард. Ӯро аз муваффактарин бонуи журналисте медонанд, ки ҷасурона муҳимтарин ҳаводиси Хоруғро дар расонаҳо инъикос кард.
Олга Тутубалина, хабарнигори «Азия-Плюс», Вера Кулакова-Браннеруд, сарвари кулли ширкати телевизион ва радиои «Ватан», Зевар Давлатова, роҳбари муассисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон-Баҳористон, Дилшодаи Хайрулло, котиби масъули радиои «Ховар», Ҳарамгули Қодир, хабарнигори ҳафтаномаи «Нигоҳ» ва Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори гуруҳи расонаҳои «Озодагон» низ дар ин феҳрастанд.