Кӯдакони афғон аз Туркманистон тӯҳфаи наврӯзӣ мегиранд
Туркманистон бахшида ба ҷашни Наврӯз ба ҷумҳурии Исломии Афғонистон кумаки башардӯстона ироа хоҳад кард.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури ин кишвар ахиран дар ҷаласаи ҳукумат зери санади интиқоли кумаки башардӯстона ба тарбиятгирандаҳои хонаи кӯдакон ва мактаббачаҳои як қатор вилоятҳои Афғонистон имзо гузошт. Дафтари матбуотии президенти Туркманистон мегӯяд, кӯмакҳо аз либоси варзишӣ, дафтару қалам ва маҳсулоти қаннодӣ иборатанд.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов гуфтааст, кишвараш ҷонибдори анъанаҳои дӯстӣ ва ҳамсоядорӣ буда, талошҳои мардуми Афғонистонро дар роҳи расидан ба сулҳ пуштибонӣ мекунад.