Эрик Мишел-Селлиер, раҳбари намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон мегӯяд, интизории нахустин аз давраи омӯзишии мазкур ин аст, ки иштирокдорони он дар маҳалли фаъолияти худ дар ҳолати изтирорӣ тавонанд ба зудӣ масъалаи ироаи паноҳгоҳи муваққатӣ ва эҳёи аввалияро бо истифода аз имконоти маҳаллии вокуниш роҳандозӣ намоянд. Ба гуфтаи ӯ, тайёрии махсуси аъзои Гурӯҳи минтақавии ФБҶ СС ва ҲА оид ба вокуниш ба офатҳои табиӣ (RDRT) дар ироаи паноҳгоҳ ва оғози эҳё «ҳамчунин, иқтидори ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмари ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро дар масъалаи вокуниши саривақтӣ ва муассир ба офатҳои табиӣ боло мебарад».{jathumbnail off}
Шамсиддин Муҳиддинов, ҳамоҳангсози минтақавии ФБҶ СС ва ҲА дар масъалаҳои вокуниш ба офатҳои табиӣ, илова мекунад, ин давраи махсуси панҷрӯза ба иштирокдоронаш имкон медиҳад, то аз раванди комил ва аҳамияти ироаи саривақтии паноҳгоҳи муваққатӣ огоҳ бишаванд. Ба қавли ҷаноби Муҳиддинов, иштирокдорон асосҳои харитасозӣ ва таҳлили вазъ дар ҳолати изтирорӣ ( EMMA – Emergency Market Mapping Analysis)-ро омӯхта, бо усулу қоидаҳои гуногуни оғози фаъолиятҳо дар самти эҳёи аввалия пас аз офат шинос хоҳанд шуд.