Роҳбандони Душанбе аз дурбини хабарнигори "Озодагон"
Ибодуллоҳи ТОҲИР
Ин бор хабарнигори "Озодагон" бо дурбини худ роҳбандони Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро аксбардорӣ кардааст. Субҳ ва шом дар баъзе минтақаҳои пойтахт мошини зиёде ҷамъ шуда, бо азобе роҳро убур мекунанд. Мақомоти пулиси роҳ мегӯянд, ин ҳолат ба иллати бештар шудани мошинҳо рух медиҳад. Худи ронандагон мегӯянд, ватқи он расидааст, то роҳҳои Душанбе васеътар гарданд. Ҳоло ин аксҳоро дар ихтиёри Шумо мегузорем.