Додгоҳи Миср интихоботро ба таъхир гузошт
Додгоҳи идории Миср барои мавқуф гузоштани баргузории интихоботи парлумонии ин кишвар, ки интизор мерафт, авохири моҳи апрел баргузор шавад, дастур додааст.
Тавре расонаҳои дохилии ин кишвар иттилоъ медиҳанд, Додгоҳи идории Миср дирӯз, 6-уми март, дар ин бора фармонеро содир намуда, қонуни интихоботи парлумониро барои баррасӣ ба Додгоҳи олии конститутсионӣ ирсол намудааст. Ин дар ҳолест, ки аҳзоби мухолифи мисрӣ чанде қабл ба далели ислоҳталаб будани қонуни интихоботи парлумонии ин кишвар “байкот” эълон намуда буданд.
Амр Мусо, раиси Ҳизби кунгураи Миср ва узви Ҷабҳаи наҷоти миллии ин кишвар, аз ин қарори додгоҳ истиқбол намуда, онро як туҳфаи осмонӣ барои мардуми мисрӣ арзёбӣ намуд. Аз сӯйи дигар, Мурод Алӣ, яке аз намояндагони аршади Ҳизби ҳурият ва адолат ё худ ҳизби ҳоким мегӯяд, дар мавриди ирсол гардидани қонуни интихоботи парлумонӣ ба Додгоҳи олии конситутсионии Миср, ҳизбаш ҳеҷ гунна мухолафате надорад.
Ёдрас менамоем, ки Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури Миср як моҳ қабл аз сурат гирифтани интихоботи парлумонии кишвараш дар чаҳор марҳала хабар дода, замони баргузории онро авохири моҳи апрел эълон карда буд.