Google: FBI мехоҳад ба ҳисоби корбарони мо дастрасии бештар пайдо кунад
Ширкати Google эълон карда, ки пулиси федеролии Амрико ё FBI соли гузашта хостори дастрасӣ ба ҳисоби корбарии беш аз 2 000 истифодабарандаи ин ширкат шудааст. Google мегӯяд, солона ин ниҳод (FBI) ба хотири дастрасӣ ба маълумоти шахсии корбарони ин ширкат ҳазорон нома мефиристад.
FBI бо истифода аз равишҳои баҳсбарангези мавсум ба номи “номаи амнияти миллӣ”, ки ба давлат иҷоза медиҳад бидуни ҳукми додгоҳ ба иттилооти интернетӣ, телефонӣ ва молии афрод дастрасӣ дошта бошад, хостори дарёфти иттилоот аз Google шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ширкати Google дар бахши FAQ (саволҳое, ки бештар пурсида мешаванд) изҳор намудааст, ки FBI ҳаққи дастрасӣ ба муҳтавои имейл, собиқаи ҷустуҷӯ ва дигар иттилоотро надорад.