Дар Кӯлоб оши хайрия дода шуд
Дар Кӯлоб ба хотираи рӯҳи шаҳидони аз сел ба ҳалокат расида ва солгарди қазияи мудҳиши ба сари мардуми ин шаҳр расида, оши хайрия дода шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб рӯзи ҳафтуми май дар шаш минтақаи барои офатзадагони сели баҳории соли гузашта, ки бехонаву дар монда буданд, оши хайрия дод. Дар ин маросим масъулини ҳукумати шаҳр иштирок намуда, барои иллатрасидагон боз ҳам изҳори тасаллият намуданд. Чанд тан аз домуллоҳои шаҳр ба хотири шаҳидони ин офат аз сураҳои Қуръони Карим қироат карданд.
Ёдовар мешавем, ки расо як сол қабл аз ин, дар пайи селфароӣ дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб, тибқи иттилои расмӣ 13-нафар ба ҳалокат расида, беш аз 600-хонаи зисти одамон вайрону валангор гашта буд. Бо қарори ҳукумати кишвар дар шаш қитъаи нав барои бесарпаноҳмондагони офати табиӣ 615 манзили иқоматӣ бунёд гардида, ба соҳибонашон супорида шуд.