Ҳидояти Э.Раҳмон аз мансабдорон ва мушовирони нав дар ҳукумат
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як гурӯҳ мансабдорони нави вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтааст.
Тавре аз дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, Бозор Одинаев - муовини вазири маориф, Шералӣ Ганҷалов -муовини вазири нақлиёт, Раҳматулло Каримов - муовини вазири обу обёрӣ, Ҳасан Маҳмадаминов - роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Панҷ, Ибодулло Саидмуродов -мушовири президент оид ба сиёсати иқтисодӣ, Маҳмадшариф Бобошоев - мушовири президент оид ба масъалаҳои илм ва технологияҳои муосир, Талбак Хуҷамардов - мушовири президент оид ба сиёсати кадрӣ ва Одинашо Муродов - мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи президент таъин гардидаанд.
Ба иттилои манбаъ, инчунин, сардорони шуъбаҳои №1 Вазорати умури дохилӣ дар ноҳияи Синои пойтахт ва ноҳияи Рӯдакӣ, сардорони шуъбаҳои ин вазорат дар ноҳияҳои Шоҳмансури пойтахт, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон иваз карда шудаанд.
Сардори Раёсати назорати тафтишоти пешакии Додситонии кул ва додситонҳои ноҳияҳои Варзоб, Ишкошим, Шӯрообод ва Панҷакент, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва сардори шуъбаи ҳамин агентӣ дар ноҳияи Рашт иваз шуданд.
Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ин афродро "ба кору хизмати софдилонаю садоқатмандона ба давлату миллат ҳидоят намуда", таъкид доштааст, ки "барои тарбияи кадрҳои ҷавони соҳаҳои худ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон, давлату давлатдории миллӣ ва тарғибу ташвиқи шоистаи арзишҳои волои истиқлоли Тоҷикистон пайваста ҷаҳду талош намоянд."