Қазоқистон бо бастаҳои пластикӣ «ҷанг» эълон мекунад?
Фаъолони ҷамъиятии Қараганда ба шаҳрдор пешниҳод кардаанд, ки алайҳи партовҳои пластикӣ иқдом кунад. Онҳо мегӯянд, қадами аввал бояд аз тасвиби меморандуми даст кашидан аз бастаҳои бепул ё ройгон бо супермаркетҳои шаҳр оғоз шавад.
“Амрико ва Аврупо кайҳост бастаҳои коғазиро истифода мекунанд ва зиндагии роҳат доранд. Вақте сари роҳҳои эҳтимолии роҳандозӣ кардани ин идея фикр мекардем, маълумоте дарёфтем, ки шаҳрдори Атирау аллакай чунин як меморандумро бо соҳибкорон имзо кардааст. Ин хабар моро хушҳол кард. Яъне, мо аввалин нестем”,-изҳор доштааст Дамир Каримов, намояндаи қарагандагии «PosadiDerevo.KZ».
Бар асоси ин қарордод, аз 1-уми июли соли гузашта бастаҳои пластикӣ дар фурӯшгоҳҳои Атирау пулакӣ шуда ва аз январи имсол аз истифодаи он даст кашидаанд. Чунин як таҷрибаро муҳофизони экология мехоҳанд дар Қараганда ҳам роҳандозӣ намоянд. Онҳо ҳоло зери муроҷиат ба мири шаҳр имзо ҷамъ меоваранд ва умедворанд пешниҳодашон аз сӯйи ҳукумати маҳаллӣ пазируфта мешавад.
“Мутмаинем, шаҳрвандон аз гирифтани даҳҳо бастаи пластикӣ аз хазинаҳои супермаркетҳо даст кашида, бо худ бастаҳои коғазӣ ва халтаҳо меоранд, он гуна ки дар Шӯравӣ буд”,-мегӯянд дӯстдорони табиат.