Раҳматулло Зоиров барои нахустин бор шеърҳояшро чоп мекунад
Абдулғании АБДУЛВАҲҲОБ
Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо мо гуфт, базудӣ маҷмӯи шеърҳояшро дар нашрияҳои даврӣ ва ё торнамоҳо рӯи чоп хоҳад овард. Ҷаноби Зоиров мегӯяд, солҳо боз машқи шеър мекард ва акнун фурсати он расидааст, то онро ба хонандагон пешниҳод намояд.
“Сиёсатмадор қабл аз ҳама инсон аст ва агар ҳисси инсонӣ ва фарҳанги ӯ боло бошад, албатта, бо шеъру адабиёт, санъат ва илм доимо машғул аст. Ғайр аз ин, сиёсатмадор агар худаш бевосита шоир бошад ва шеъри ӯ мушкилоти вақти ҷомеаро инъикос карда тавонад, барҷастатарин сиёсатмадор ба шумор хоҳад рафт”,-бовар дорад раиси ҲУСДТ.
Ба назари Зориров, танҳо инсоне метавонад шеър бинависад, ки тамоми мушкилоти ҷомеаро ба хубӣ дарк кунад. Ӯ мегӯяд, “албатта, одаме, ки фасодкор аст, ӯ дар асл сиёсатмадор нест ва масъалаи шеър ҳам ба ӯ тааллуқ надорад.” Ин дар ҳолест, ки бархе дигар аз сиёсатмадорон шеъру шоириро барои худ бегона намедонанд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ, низ гуфт, “таърих гувоҳ аст, ки бисёре аз сиёсатмадорони барҷаста ба шеърнависӣ машғул буданд ва бо адабиёт сари кор доштанд. Адабиёту шеър ва фалсафаҳои ҳикмат инсонро ба покии ахлоқу виҷдон ва инсонпарварӣ равона месозад. Аз ин рӯ, аз нигоҳи банда, хуб мебуд, ки имрӯз бештари сиёсатмадорон бо шеъру адабиёт иртибот медоштанд.”
Ҷаноби Кабирӣ дар идомаи сӯҳбаташ ба паҳлуи дигари ин масъала ишора карда ва гуфт, маъмулан сиёсатмадороне, ки бо шеъру адабиёт машғул ҳастанд, барояшон сиёсатмадор будан хеле мушкил аст. Зеро ба қавли ӯ, шеъру адабиёт инсонро бештар ба нармдилӣ ва муроот раҳнамун мекунад. “Дар ҳоле ки дар бисёр маврид сиёсат маҷбур мекунад тибқи қоидаҳои сахти он рафтор намояд, ки дар бархе маворид мухолифатҳо бо фарҳангу ахлоқ доранд. Аз ин рӯ, барои сиёсатмадороне, ки аҳли андешаю ҳикмат ва адабиёт ҳастанд, ҳамеша тасмим гирифтан душвор аст”,-илова кард Кабирӣ.
Дар мавриди ин ки бархе сиёсатмадорон ба хотири лаҳзае дур шудан аз андешаҳои сиёсӣ ба навиштани шеър ё худ лирика машғул мешаванд, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал – демократи Тоҷикистон ақида дорад, ки “ин қисман ҳақиқат дорад.” Аммо ба фикри ӯ, ҷиҳати сустии ин нуқтаи назар он аст, ки шеър бояд дар вуҷуди инсон бошад: “Агар ӯ ин ҳама илҳому завқро надошта бошад, ҳеҷ гоҳ шеър навишта наметавонад. Шеърро бояд ҳис кард. Масалан агар ҳиссиёти Лоиқ набошад, Лоиқ шуда намешавад.”
Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ, коршиноси тоҷик бар ин назар аст, ки шеър навиштан ба хусус барои як сиёсатмадори тоҷик бештар ҷанбаҳои мусбат дорад. Аз нигоҳи ӯ, “сиёсатмадороне ҳастанд, ки худ шеър менависанд ва сиёсатмадороне мебошанд, барояшон шеъру асар менависанд ва ин собиқаи хело тӯлонӣ дорад, ки барое касе пӯшида нест. Дар мардуми Шарқ шеър навиштану шеър гуфтан ҳукми анъанаро дорад. Аз амирони Сомонӣ сар карда, то ба амирони манғит буданд афроде, ки шеър гуфтаанду аз онҳо девонҳо боқӣ мондаанд. Хумайнӣ, ки яке аз сиёсатмадорони барҷастаи қарни гузашта аст, шеър мегуфт. Мӯсо Шафиқӣ садри аъзами замони Зоиршо шеър мегуфт ва хулоса кам нестанд ва ин ба назари ман ҳеҷ ишколе ба фаъолияти сиёсии эшон надорад ва баръакс боз мақоми онҳоро дар байни ҷомеа баландтар месозад. Аммо дар миёни сиёсатмадорони муосири тоҷик то ҳанӯз ба ашъори кадоме аз сиёсатмадорон чашмам нарасидааст. Танҳо аз Устод Нурӣ (раҳаматуллоҳ алайҳ) чанд шеърашро шунидаам. Аммо хуб аст, ки сиёсатмадор нахуст ба фаъолияти сиёсӣ ва беҳбудии ҷомеа бипардозад ва муваффақ шавад, ки ин масъулияти асосии онҳо мебошад.”
Аммо ба назари Муҳиддин Кабирӣ, имрӯз барои як сиёсатмадор ба ҷои шеър навиштан, бештар мутолиаи он муфид мебошад. “Кам сиёсатмадореро дидан мумкин аст, ки ҳам дар соҳаи худ ва ҳам шоири хуб шуда бошад. Шояд барои худ чанд сатреро рӯи коғаз биорад. Вале хуб мебуд, ки сиёсатмадор бештар шеър хонад, ба ҷойи он ки бинависад”-сухани худро ба анҷом расонд ҳамсуҳбати мо.
Бо ин ҳол, Раҳматулло Зоиров шояд аз ҷумлаи камтарин сиёсатдорони тоҷик бошад, ки мехоҳад китоби шеърашро рӯи чоп орад. Агарчӣ то кунун дар бораи шеърнависии бархе дигар аз сиёсатмадорон ва сиёсатшиносон дар маҳофилҳои гуногун сӯҳбат мешавад, вале худи онҳо ин эҳсосашонро рӯшод баён накардаанд.