Раҳмон: Чавес дар дили миллионҳо абадӣ боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли барқияи тасаллият ба ноиби президенти Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла, Николас Мадуро, ба мардуми ин кишвар изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст, “Бо андӯҳи бузург хабари даргузашти Президенти Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла Уго Чавесро дарёфт намудам. Команданте Чавес аз маъруфтарин чеҳраҳои ҳаёти байналмилалии солҳои ахир буд. Ӯ барои кишвари хеш, ҳимояю тақвияти истиқлоли Венесуэла, беҳтар намудани зиндагии мардум ва равобити байналмилалии кишвар хидматҳои бузург анҷом дод. Аз ин рӯ ёди ӯ дар дили миллионҳо нафароне, ки ӯро ҳамчун муборизи роҳи озодиву истиқлоли Ватанаш дониста ва шинохта буданд, абадӣ боқӣ хоҳад монд.”
Ҳуго Чавес, раисҷумҳури Венесуэла, дар 6-уми март дар синни 59-солагӣ даргузашт. Николас Мадуро, ноиби раисиҷумҳури Венесуэлла дар ҳоле хабари фавти Чавесро аз тариқи шабакаҳои миллии кишвараш ироа мекард, ки ашк аз чашмонаш ҷорӣ буд.
Венесуэла дар робита ба даргузашти раисҷумҳур ҳафт рӯз мотам хоҳад дошт. Элиас Хауа, вазири умури хориҷии Венесуэла, гуфтааст, расми видоъ бо президент се рӯз (чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа) идома меёбад, то теъдоди бештари сокинони кишвар ин имконро дошта бошанд, ки бо ӯ видоъ намоянд.