Тоҷикистону Чин. Баҳси амнияти минтақа баъд аз соли 2014
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон ва Чжан Синфэн, директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитерористии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, масоили амниятии минтақаро дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 баррасӣ кардаанд.
Манбаи мо аз Вазорати умури дохилӣ гуфт, зимни мулоқот Рамазон Раҳимов ба муносибатҳои зичи ду сохтори қудратӣ - Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин баҳои баланд додааст. Дар навбати худ, Чжан Синфэн оид ба масъалаҳои муҳим дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва дар ҳамбастагӣ амал намудани мақомоти қудратии ин ду давлат изҳори назар кардааст.
Ҷонибҳо аз ҷумла пешгирии тароризму экстремизм, таъмини амнияти минтақавию байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.