"Регар-ТадАЗ" бозиро бо "Сафо"-и Лубнон мусовӣ анҷом дод
Чемпиони ҳафткаратаи Тоҷикистон оид ба футбол дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода нахустин бозии худро дар даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар Бейрут бо дастаи “Сафо”-и Лубнон мусовӣ, яъне 1:1 анҷом дод.
Ин бозии гурӯҳи “А” шоми дирӯз, 5-уми март, дар варзишгоҳи “Спорт Сити”-и Бейрут баргузор шуд. Ҳисоб дар дақиқаҳои аввали сабқат боз гардид. Ҳимоятгари дастаи “Регар-ТадАЗ” Фаррух Чориев тасодуфан тӯбро вориди дарвозаи дастааш намуд. Тӯб пас аз зарбаи ҳамлагари мизбонон Аҳмад Аломир ба пои Фаррух Чориев, лигионери узбакистонӣ, бархӯрда ба дарвозаи “Регар-ТадАЗ” ворид шуд. Нимаи аввали дидор бо ҳамин натиҷа анҷом ёфт.
Дар дақиқаи 60-уми дидор Комил Саидов, ҳамлагари дастаи “Регар-ТадАЗ” тубро моҳирона ба дарвозаи ҳариф ворид карда ҳисобро баробар намуд.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи “Риффа”-и Баҳрайн аз тими СК “Кувейт”- Кувейт бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Дастаи “Регар-ТадАЗ” дар бозии навбатии даври гурӯҳии ҷоми даъвати AFC-2013 рӯзи 12-уми март, бо дастаи “Риффа”-и Баҳрайн дар варзишгоҳи “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон" рақобат мекунад.