Созиши хонаводаи маҳбуси фавтида бо масъулони зиндон
Идораи зиндонҳои Тоҷикистон бо пешниҳоди 30 ҳазор сомонӣ оилаи маҳбуси фавтида, Исмоил Бачаҷоновро розӣ кардааст, ки аз даъвояш дар додгоҳ, даст кашад.
Тавре Абдураҳмон Шарифов, вакили дифои хонаводаи Исмоил Бачаҷонов, рӯзи 6-уми март, ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, бо пешниҳоди Идораи зиндонҳои Тоҷикистон хонаводаи Бачаҷонов розӣ шудааст, ки баҳси додгоҳиро хотима диҳаду ба созиш ояд. Ба гуфтаи Шарифов, тибқи созиши тарафҳо Идораи зиндонҳои Тоҷикистон бояд 30 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт кунад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Савриниссо Гулова модари се фарзанд ва ҳамсари Исмоил Бачаҷонов аз Идораи зиндонҳои Тоҷикистон хост, барои марги шавҳараш дар зиндон 105 ҳазор евро пардохт кунад. Шарифов мегӯяд, “ин маблағ бо назардошти хароҷоти табобати ҳамсар ва фарзандони Бачаҷонов дар хориҷа муайян шуда буд. Баъдан бо назардошти табобат дар дохили кишвар ҳаҷми ҷубронпулӣ ба 220 ҳазор сомонӣ расонда шуд.”
Аммо ба гуфтаи Шарифов беш аз як сол тӯл кашидани баҳси додгоҳӣ хонаводаи Исмоил Бачаҷоновро хаста кард ва онҳо ба пешниҳоди Идораи зиндонҳо дар бораи созиш розӣ шуданд.
Исмоил Бачаҷонови 32-сола, ки дар қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мешуд, соли 2011 дар натиҷаи латту кӯби посбонони боздоштгоҳи Душанбе ҷон дода буд. Дар робита ба қазияи мазкур, додгоҳ ду корманди боздоштгоҳи муваққатиро барои истифодаи шиканҷа ба 8 соли зиндон маҳкум карда буд.