Раҷаби Мирзо -- муддаии курсии холишуда дар Маҷлиси Намояндагон
Абдулазизи ВОСЕЪ
Раҷаби Мирзо, сухангӯи Ҳизби демократи Тоҷикистон ва роҳбари маркази тадқиқоти сотсиологии “Бозтоб” яке аз муддаиёни интихоботи миёндавраӣ дар ноҳияи Восеъ хоҳад буд.
Дар суҳбат ба “Озодагон”, Раҷаби Мирзо гуфт барои ширкат дар ин маърака барномаи хуби пешазинтихоботӣ омода намуда ва бовар дорад, барои интихобкунандаҳои ҳавзаи якмандатии №39 писанд меояд. “Бо ин вуҷуд гуфта наметавонам, ин тасмими ниҳоии ман аст. Ҳоло бояд тамоми паҳлӯҳои масъаларо баррасӣ намоям, ки барои ширкат дар интихобот кадом нуктаҳои заъф дорам. Гуруҳи корие дар ин замина омода намудаем ва онҳо сари ин мавзӯъ ҷиддӣ пайи коранд. Агар хулосаи онҳо мусбат шуд, дигар масъалае барои ширкати ман боқӣ намемонад. Хулоса, ман намехоҳам дар интихобот ҳамту ширкат дошта бошам. Нақшаву тасмимҳоям бояд ҷиддӣ бошанду натиҷаҳояш низ”,-афзуд вай.
Раҷаби Мирзо мухолифи муддаӣ шудан аз зодгоҳи худ буд. Вай ҳамеша таъкид мекард, ки ин бад аст, вакте Шокирҷон Ҳакимов аз Конибодом, Муҳиддин Кабирӣ аз Файзобод ва Қувват Султон аз Кӯлобу Самараддин Фазлиддин аз Восеъ номзад мешаванд: “Ман зидди чунин амалҳо будам. Мегуфтаму мегӯям, ки барои сиёсатмадори сатҳи миллӣ шудан бояд онҳо аз манотиқи гуногун номзад шаванд. Агар мебозанд, бок нест.”
Аммо дар масъалаи ширкати худаш аз ҳавзаи №39 гуфт, аввалин ташаббус аз мухлисонаш буд. “Дар масъалаи ширкати ман аз ҳавзаи Восеъ аввалин ташаббус аз мухлисони ман аз ин ноҳия шабе шурӯъ шуд, ки фармони барканории раиси собиқи ноҳия Султон Валиевро мехонданд. Ҳоло ин гуна пешниҳодҳо дар бораи ширкати ман дар интихоботи миёндавраии ҳавзаи Восеъ вуҷуд доранд. Аз рӯзи барканор шудани раиси ноҳия ва ба ҷойи ӯ таъин гардидани вакили ин ҳавза Рустам Латипов баъзе аз ҳамдиёрон ба ман бо пешниҳоде муроҷиат карданд, ки дар ин маърака ширкат кунам”,-мегӯяд Раҷаби Мирзо.
Бо ин ҳама, Раҷаби Мирзо мегӯяд, ҳоло мушаххас накардааст, ки дар интихобот бо кадом шева ширкат мекунад: бо пешниҳоди ҲДТ ё ба таври худпешбарӣ. 27-уми феврал дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон ваколати депутатии Рустам Латипов қатъ гардид. Ҳамчунин, вай аз ҳайати комиссияи муваққатии экологӣ ва кумитаи марбут ба масоили аграрии палатаи поёнии парлумон берун хориҷ шуд. Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ ахиран эълон кард, ки интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи якмандатии Восеъ №39 5-уми май баргузор мешавад.
То имрӯз намояндаҳои ҲХДТ, ҲНИТ, ҲКТ ва ҳизби аграрии Тоҷикистон омодагии худро барои пешбарии номзадҳояшон изҳор кардаанд.