ВКД: "Дар Ҷалолобод роҳпаймоӣ нашудааст"
Вазорати умури дохилии Қирғизистон хабари бетартибӣ ва намоишҳои эътирозӣ дар Ҷалолободро рад кард.
Жоробой Абдураҳимов, сухангӯйи ВКД-и Қирғизистон ба "Озодагон" гуфт, дар рӯзи чоруми март танҳо дар шаҳри Каракол митинг баргузор шуд. "Рӯзона як гуруҳ одамон гирди ҳам омаданд ва баъдан оромона пароканда шуданд",-афзуд манбаъ.
Қаблан, бархе расонҳо навиштанд, ки дар ҷануби Қирғизистон, ба вижа шаҳри Ҷалолобод гирдиҳамоӣ баргузор шуда ва дар пай харобиҳо доштааст. Гуфта мешуд, садҳо эътирозгар дар се шаҳри Қирғизистон - Уш, Ҷалолобод ва Қароқул роҳпаймоӣ карда, талаби озодии се узви порлумонро кардаанд.
Қамчибек Ташиев, Садир Жапаров ва Талант Мамутов роҳаброни ҳизби «Ата-Жорт» соли сипаришуда барои таҳрики нооромиҳо боздошт гардиданд.