Ҳилларӣ дар бораи Роғун, ҷанг бо террор ва мухолифатҳои Тошканд
Ҳилларӣ Крамер, шореҳи маъруфи иқтисодии Ғарб, калиди тамоми мушкилоти иқтисодию иҷтимоии минтақаи Осиёи Миёна ва Афғонистону Покистонро дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” гуфтааст.
Крамер дар мақолае, ки 3-юми март дар маҷаллаи бонуфузи амрикоӣ, “Forbes”, нашр шудааст, Роғунро дар мубориза бо терор ва таъмини амнияти сиёсию иҷтимоии минтақа, баъд аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон хеле муҳим хондааст. Крамер ягона роҳи ҷилавгирӣ аз густариши терроризм ва бозгашти толибон дар Афғонистонро дар рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа медонад ва таъкид намудааст, ки барқи арзону аз нигоҳи экологии тозаи “Роғун” барои ин кор мувофиқи мақсад хоҳад буд. Аз ин зовия ӯ таъкид кардааст, ки Амрико ва НАТО низ дар бунёди ин нерӯгоҳ манфиатдоранд ва бояд барои татбиқи он саъй кунанд.
Ин таҳлилгари маъруфи амрикоӣ нигарониҳои Узбакистонро аз садди 335-метраи Роғун беасос хонда, таъкид кардааст, ки ин нерӯгоҳ бо назардошти манфиатҳои кишварҳои поёноб тарҳрезӣ шуда, кафили таъминоти муътадили обу барқ дар минтақа хоҳад буд.