Гузориши тасвирӣ: Партовгоҳҳои қади роҳ дар Душанбе
Хабарнигори "Озодагон", Абдулғании Абдулваҳҳоб, ин бор аз ду кӯчаи пойтахти Тоҷикистон -- кӯчаи ба номи Абулқосими Фирдавсӣ ва Неъмат Қарабоев боздид карда, партовгоҳҳои қади роҳро аксбардорӣ намудааст. Аз ин аксҳо дидан мумкин аст, ки чигуна сокинон ахлоти манзилу корхона ва ё нуқтаи савдояшонро дар қади кӯчаҳо рехтаанд.