Бонки миллӣ банкоматҳоро таҳти назорат мегирад
Бонки миллии Тоҷикистон барои рафъи камбудиҳо дар фаъолияти банкоматҳо, шаҳрвандони кишварро ба ҳамкорӣ даъват кардааст.
Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 5 март, бо пахши иттилоияе аз шаҳрвандон хостааст, “бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилоте, ки дар фаъолияти банкоматҳои ташкилотҳои қарзии мамлакат ба миён меоянд ва дигар масъалаҳои марбут ба истифодабарии қартаҳои пардохтӣ тавассути телефони боварӣ +(992 44) 600-15-20 ба масъулини Бонки миллӣ хабар диҳанд."
Масъулини Бонки миллӣ мегӯянд, телефони боварӣ дар натиҷаи шикоятҳои зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон аз кори банкоматҳо, фаъол шудааст.