Аз Босния то Гурҷистон... Марзҳои нави Туркия?
Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, дар изҳороте эълом кард, ки кишвараш талош дорад, то Сараево (Босния)-ро ба Димишқ ва Бенғозӣ (Либия)-ро ба бандари Батумӣ (дар Гурҷистон) васл кунад.
Ба гузориши Anadolu (хабаргузории расмии Туркия), Аҳмад Довудуғлу, ки дар гирдиҳамоии ҳизби ҳокими Адолат ва рушд дар шаҳри Бурсо сухан мегуфт, ёдовар шуд, ки “ба хоки ҳеч кишваре чашми тамаъ надорем ва бидуни ҷанг ва хунрезӣ дубора шаҳри Сараеворо ба Димишқ ва шаҳри Бенғозиро ба шаҳри Арзарум (дар ҷануби шарқи Туркия) ва бандари Батумӣ васл мекунем.”
Ишораҳои вазири умури хориҷии Туркия марзҳои пешини имперотурии Усмониро ба д меорад. Аз назари бисёре аз таҳлилгарон, сиёсати хориҷии давлати Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба дунболи эҳёи дубораи имперотурии Усмонӣ дар қолабҳои нави худ аст ва ин изҳороти Довудуғлу метавонад тасдиқи ин иддао бошад.
Аммо Довудуғлу дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, “ин решаи қудрати мост ва вақте мо ин ҳарфро мезанем, моро муттаҳам ба “навусмонигарӣ” мекунанд. Чаро онҳое, ки дунболи ваҳдати тамомии Аврупо ҳастанд (Иттиҳодияи Аврупо) муттаҳам ба “наврумигарӣ” намешаванд, аммо онҳое, ки ба дунболи ваҳдати дубораи ҷуғрофиёи сиёсии Ховари Миёна ҳастанд, ба “навусмонигарӣ” муттаҳам мешаванд? Албатта, мо аз ин ки моро бо унвонҳое чун усмонӣ, салҷуқӣ, аюбӣ ва ғайра бихонанд, ифтихор мекунем, аммо дар ҳеч давраи таърихӣ ба ваҷабе аз хоки ҳеч кишваре чашми тамаъ надоштем ва аз ин пас ҳам нахоҳем дошт.”