Номаи эътирозии сафорати Тоҷикистон ба Вазорати хориҷаи Русия
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ки “карантин”-и 150 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳавопаймои Хуҷанд-Ростовро “таҳқир”-е беш надониста буд, дар ин замина номаи эътирозӣ ё нотаи худро ба Вазорати умури хориҷии Русия таслим кардааст.
Дар ин бора Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар як тамоси телефонӣ ба “Озодагон” хабар дод. Ӯ гуфт, сафорат бегоҳи чоруми март бо ирсоли нота аз мақомоти Русия хостааст, ки масъалаи “карантин”-и 150 шаҳрванди Тоҷикистонро мунсифона баррасӣ намоянд.
Аз ин пеш, Вазорати умури хориҷи Тоҷикистон гуфта буд, сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Вазорати умури хориҷии Русия нотаи эътирозӣ фиристода ва талаб мекунад, ки гунаҳкорони ин ҳодиса, хоҳ масъулини фурудгоҳ ё ширкат, ҷуброни зарари маънавии ин ҳодисаро пардохт кунанд. Рӯзи 1-уми март хабаргузориҳои русӣ навиштанд, ки табибон рӯзи 28-уми феврал дар организми мусофирони ҳавопаймое, ки аз Тоҷикистон ба шаҳри Ростови лаби Дон парвоз кардааст, нишонаҳои бемории халера ё худ ваборо ёфтаанд.
Ба навиштаи расонаҳо, дар ин ҳавопаймо ҳудуди 150 шаҳрванди Тоҷикистон будаанд, ки ният доштаанд, тавассути Ростов ба шаҳри Маскав сафар намоянд. Аммо дар ҳаво ҳайати ҳавопаймо мушоҳида кардааст, ки ду мусофир зиёд ба нуқтаи санитарии тайёра мераванд ва аз ин ҳол ба хадамоти рӯизаминии фурудгоҳи Ростов хабар додаанд. Пас аз поин омадани ҳавопаймо дар фурудгоҳи Ростови лаби Дон, табибон ташхиси пешакӣ гузаронда, дар ду мусофир нишонаи бемории вабо ё худ халераро ёфтаанд. Бо назардошти ин, ҳавопаймо бо ҳамаи мусофиронаш ба карантин равона гардида, тайи як шабонарӯз мавриди муоина қарор гирифтаанд.
Аммо ташхиси бактериологӣ нишон додааст, ки гумони бемории халера ё вабо дар мусофирони ин тайёра ғалат аст. Тавре сомонаи расмии Вазорати тандурустии минтақаи Ростов хабар медиҳад, ташхиси бактериологӣ нишон додааст, ки мусофирони тайёраи Хуҷанд-Ростов на вабо, балки дизентерия ё худ дарунравӣ доштаанд.