Қазоқистон соҳиби нерӯгоҳи ҳастаӣ мегардад
Мақомоти Қазоқистон қарор кардаанд, ки нахустин нерӯгоҳи ҳастаиро дар вилояти Мангистауски ин кишвар бунёд намоянд.
Хабаргузориҳои қазоқ аз қавли Валерий Шевелев, масъули “Казатомпром”, менависанд, “воқеан қарори сиёсӣ оиди бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Қазоқистон қабул гардидааст ва нахустин чунин нерӯгоҳ дар вилояти Мангистауск сохта хоҳад шуд. Дар ин навоҳӣ барои корҳои ҳастаӣ ҳанӯз мутахассисон ва то дараҷае инфрасохтор низ муҳайё аст.”
Шевелев мушаххас кардааст, ки нерӯгоҳи ҳастаӣ дар шаҳри Актау, дар заминаи раекторе бунёд мегардад, ки солҳои шӯравӣ болои он кор рафта, расман соли 2010-ум баста шудааст. Ин масъули қазоқ афзудааст, ки барои бунёди нахустин нерӯгоҳи ҳастаии Қазоқистон музоядаи байналмилалӣ эълон хоҳад шуд.
Аввали соли равон Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, ба ҳукумати ин кишвар дастур дода буд, ки ҷойи сохтмони нерӯгоҳи ҳастаиро мушаххас кунанд.
Ба навиштаи хабаргузориҳои қазоқ, аввалин бор овозаҳо оиди нерӯгоҳи ҳастаӣ дар ин кишвар соли 2006-ум пайдо шуд, вале он замон сокинони муқимӣ алайҳи ин тарҳ баромад карданд. Дертар мақомдорони қазоқ сари ин масъала баргашта, ба сифати ҷойҳои эҳтимолии бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ, Балхаш, Тараз, Актау,Курчатов ва Костанайро пешниҳод карданд.