Омодагии футболбозони тоҷик ба Ҷоми даъвати AFC
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба сабқати интихобии Ҷоми даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) омодагӣ мебинад.
Никола Кавазович, сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд сурат мегирд, 14 бозигар ва 3 дарвозабонро, даъват кардааст.
Дарвозабонҳо Алишер Тӯйчиев, Абдулазиз Маҳкамов (ҳарду аз “Хуҷанд”), Саидҷон Саидраҳмонов (“Истиқлол”), ҳимоятгарон Соҳиб Саванқулов, Эраҷ Раҷабов, Наим Улмасов, Аҳтам Назаров (ҳама аз “Истиқлол”), Сиёвуш Асроров (“Хуҷанд”), нимҳимоятгарон Умедҷон Шарифов, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Иброҳим Рабимов (ҳама аз “Истиқлол”), Маҳмадалӣ Содиқов (“Хуҷанд2), ҳамлагарон Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”), Юсуф Рабиев (“Хуҷанд”) ва Фарҳод Тоҳиров (“Парвоз”)
7 футболбои дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода Хуршед Маҳмудов, Ҷамшед Исмоилов, Аҳтам Ҳамроқулов, Комил Саидов, Алишер Додов, Далерҷон Тухтасунов ва Алексей Неъматов, ки узви дастаи мунтахабан рӯзҳои наздик ба даста ҳамроҳ мешаванд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Қирғизистон, Покистон ва Макао рақобат хоҳад кард. Бозиҳои гурӯҳи дар “В” аз 17-ум то 21-уми март дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови пойтахти Қирғизистон-Бишкек баргузор мешаванд.