Даҳ соат аз барномаҳои телевизиони Пойтахтро "қайчӣ заданд"
Телевизиони “Пойтахт”, ки то як ҳафтаи пеш ҳудуди 18 соат барнома пахш мекард, ҳоло дар шабонарӯз ҳашт соат барнома пахш хоҳад кард. Ин тасмим баъд аз қатъи барномаҳои "Пойтахт" дар як ҳафтаи охир гирифта шудааст.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор, мудири телевизиони “Пойтахт, дар суҳбат бо “Озодагон” тасдиқ кард, ки шоми 4 март ё фардо телевизион аз нав ба пахши барномаҳояш оғоз хоҳад кард. Аммо ӯ таъкид кард, “мушкили асосӣ, ки ба иллати он кори шабака рӯзи 24-уми феврал қатъ шуда буд, ҳанӯз ҳал нашудааст ва “Пойтахт” чанд муддати дигар бо ҳамин мавҷфиристандаи куҳна корро пеш хоҳад бурд.”
Ҷаноби Абдуқаҳҳор мегӯяд, бо машварати корхонаи “Телерадиоком” телевизиони “Пойтахт” аз нав ба пахши 8-соатаи барномаҳо мегузарад: “Дар Телерадиоком ба мо маслиҳат доданд, ки фиристандаи Шумо фарсуда шудааст ва бардошти 18 соат пахши барномаҳоро дар шабонарӯз надорад. Телевизион аз хориҷи кишвар фиристандаи нав фармоиш додааст ва то расидани он дар як шабонарӯз 8 соат барнома пешниҳод хоҳад кард.”
Фаъолияти “Пойтахт” бегоҳи 24-уми феврал, аснои суҳбати рӯзноманигор, Адибаи Азиз бо Гулрухсори Сафӣ, шоири мумтози тоҷик, ба якборагӣ қатъ шуд. Абдуқодири Абдуқаҳҳор, сарвари телевизиони “Пойтахт” ангезаи сиёсӣ доштани қатъи пахши барномаҳоро дар телевизиони "Пойтахт" рад карда, сабаби онро техникӣ арзёбӣ намуда буд.
Телевизиони "Пойтахт" шабакаи иттилоотӣ, фарҳангӣ- фароғатӣ ба шумор рафта, шуруъ аз 1-уми ноябри соли гузашта барномаҳои худро 18 соат дар як шабонарӯз пешкаши бинандаҳо менамуд. Баъди гузаштан ба пахши 18-соатаи барномаҳо Абдуқодири Абдуқаҳҳор зимни як мусоҳибаааш бо хабаргузории “Озодагон” изҳор дошта буд, ки “мо рақиби ҷидии 4 шабакаи дигар мешавем, зеро аллакай давоми ду ҳафта беш аз 30%-и тамошочиёни ин 4 шабака - «Шабакаи якум», «Сафина», «Баҳористон» ва «Ҷаҳоннамо» ба телевизиони мо гузаштанд”.
Таҳлилгарон мегӯянд, дар ин шабака талошҳо барои ироаи минбар ба чеҳраҳое, ки дар шабакаҳои дигари тоҷик ба истиллоҳ “мамнӯъ” ҳастанд ба назар мерасид ва яке аз сабабҳои қатъи фаъолияту коҳиши ҳаҷми барномаҳо ба ин иқдом рабт дода мешавад.