Нимҳимоятгари “Истиқлол” ба дастаи “Слобода”-и Сербия рафт
Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари пешини “Истиқлол” дар Суперлигаи Сербия бозӣ хоҳад кард. Ин футболбози 22-солаи тоҷик, ки соли 2012 унвони беҳтарин нимҳимоятгар дар Тоҷикистонро ба даст оварда буд, ҳоло бо бошгоҳи “Слобода Пойнт Севойно” шартнома бастааст.
Хабаргузориҳо мегӯянд, Нуриддин Давронов рӯзи 28-уми феврал ба Белград ва аз он ҷо ба Ужитса рафтааст. Ин футболбози тоҷик акнун таҳти рақами 10 дар ҳайати дастаи “Слобода” бозӣ хоҳад кард. Ҷои ёдоварист, ки пас аз 16 даври мусобиқа “Слобода” дар ҷадвали мусобиқоти Суперлигаи Сербия дар ҷои шашум аст.